Дар шаҳри Ҳисор дармонгоҳи сайёр бо хизматрасонии тиббии ройгон ба фаъолият шуруъ намуд

Ноябрь 21, 2023 09:38

ҲИСОР, 21.11.2023/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор дармонгоҳи сайёри филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнел АС» ба фаъолият шуруъ намуд. Дар ин хусус аз мақомоти шаҳри Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Намояндагони филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнел АС» барои татбиқи Барномаи «Фаёл Хайр» ва ифтитоҳи дармонгоҳи чоруми сайёр дар шаҳри Ҳисор қарор доранд.

Роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи «Фонди хайриявии шоҳ Абдуллоҳ бин Абдулазиз» ва пудратчии лоиҳа – «Бонки исломии рушд», ки дар доираи созишномаҳои грантӣ барои ҷумҳурии мо ба таври бебозгашт маҷмуи клиникаҳои сайёрро харидорӣ ва дар ихтиёри сокинони деҳоти Тоҷикистон, аз ҷумла муваққатан дар шаҳри Ҳисор гузоштаанд, арзи сипос намуданд.


Масъулини барнома аснои шиносоӣ бо утоқҳои хизматрасонии тиббии дармонгоҳ иттилоъ доданд, ки табибону мутахассисони соҳибкасб дар инҷо бо истифода аз дастгоҳҳои тиббии муосир ташхисҳои лабораторӣ, томографияи компютерӣ, монография, систоскопия (амрози занона), гостроскопия (амрози бемориҳои дарунӣ), колоноскопия (рӯдаи ғафс), рентген, УЗИ, ҷарроҳиҳои хурди гуногун, аз ҷумла катарактаи чашмро амалӣ менамоянд. Инчунин беморон 10 рӯз бо доруҳои зарурӣ ройгон таъмин гардида, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба онҳо хизмат мерасонанд.

Дар ҷараёни татбиқи амалии барнома дар навбати аввал пиронсолон, маъюбон, шахсони бесаробон, собиқадорони ҷангу меҳнат, садамаи Чернобил ба табобат фаро гирифта мешаванд

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон солҳои дароз аст, ки дар партави сиёсати “дарҳои кушода”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкории муваффақона дорад. Хушбахтона, бо дастгирии онҳо дар тамоми соҳаҳо садҳо лоиҳаяву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Ноябрь 21, 2023 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд