Дар шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи Президент роҳпаймоӣ баргузор гардид

Ноябрь 16, 2023 14:39

НОРАК, 16.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Норак ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади бошукуҳ зиёда аз 1000 нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок ва  бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Президенти Тоҷикистон ва қаҳрамонони Тоҷикистон ва роҳпаймоӣ намуданд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши идона  масъулин, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳия оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории  тоҷикон, саҳми Президенти Тоҷикистон дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Пешвои миллат-ҳомии сулҳ!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии шаҳр табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.

Гуфта шуд, ки  Президенти Тоҷикистон ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро ба ҷавонон бовар менамоянд, пас, ҳар яки мо- ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи он кас, ки ба ободониву шукуфоии Ватан-Модар равона шудааст, бояд бошем ва бо ҷону дил барои ободонии Ватан хизмат намоем.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои фаъолияти сиёсӣ дастггирии мардум ва таъмини тинҷиву амониро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки ин бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст.

Президенти Тоҷикистон давоми 32 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, сулҳу Ваҳдати комили миллӣ, ягонагиву муттаҳидӣ ва сарҷамъиро ба ҳар фарди миллат ҳадя намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Ноябрь 16, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид