Дар Тоҷикистон Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 03.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори чорвои зотӣ моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ 4 ноябр дар вилояти Хатлон, 11 ноябр дар вилояти Суғд ва 18 ноябр дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 октябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 626 ҳазору 973 сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 355 ҳазору 734 модагов, 6 миллиону 622 ҳазору 422 сар гӯсфанду буз ва 87 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 202187,8 тонна гӯшт ва 688925,0 тонна шир истеҳсол шудааст.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






