Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шарафи Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ ва гузашти низомӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони назди бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ ва гузашти низомӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сохторҳои интизомӣ, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода ҳамкорону ҳамкасбони худро бо Рӯзи милитсияи тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки “имсол ин иди касбӣ дар доираи тантанаҳои бошукуҳи фархундаи ҷашни таърихии 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад. Кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ бо дарки баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ вазифаи муқаддасу ҷонии худро сарбаландона ба ҷо меоранд. Дар ин муддат мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди боэътимоду пурқувват, кафили амнияту бехатарии ҷумҳурӣ ва фаъолтарин сохтори қудратии мамлакат мубаддал гардида, имрӯз низ рисолати баланди худро бо сарбаландӣ иҷро менамояд”.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот низ кормандони милитсияи тоҷикро бо иди касбиашон табрик намуда, баён дошт, ки “милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсис дар ҷумҳурии тозаистиқлол роҳи душвору сангинеро тай намуда, дар таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва адолати иҷтимоӣ нақши муассир гузоштааст”.
Дар ин рӯз барои хизматҳои содиқона, садоқат ба савганд, интизоми намунавӣ ва фаъолияти хуби корӣ бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва собиқадорони соҳа медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ гардиданд
Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст






