Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. 15 ноябр маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар рӯзҳои қабл аз баргузории маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ба иштироккунандагони фаъоли озмун ва кормандони Китобхонаи миллӣ ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ба омӯзгороне, ки шогирдони босаводу бомаърифат тарбия намудаанд, падару модароне, ки барои китобҳои бадеӣ хондани фарзандони худ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аз номи муассиси озмун- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои дастгирии ташаббусҳои маорифпарварона ва иштироки фаъолона арзи сипос намуд.



Гуфта шуд, ки соли панҷум аст, ки фазои мамлакатро озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо муаррифии чеҳраҳои суханвар, донишманд, забондону эҷодкор мунаввар сохтааст. Талошҳои аҳли ҷомеа барои хондан ва аз худ намудани осори бадеии ниёгон ва асарҳои адибони ҷаҳоншумули олам сол аз сол бештару беҳтар мегардад.
Дар нишасти тантанавии ҷамъбасти озмун ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои сазоворро соҳиб гардиданд, нишони «Алочии маорифи Тоҷикистон» тақдим шуд.
Ҳамчунин муовинони ректорони донишгоҳҳо, ки дар номинатсияҳо масъул буданд, қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати маориф ва илм як зумра кормандони Китобхонаи миллӣ, ки дар баргузории озмун саҳми назаррас гузоштанд, бо Сипоснома сарфароз гардиданд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон


















ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд






