Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориро барои беҳтар намудани барномаҳо бо Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Чин густариш медиҳад

Ноябрь 1, 2023 09:53

ДУШАНБЕ, 01.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Вуман Ҷон Айлӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Мусоҳибон дар самти рушди ҳамкории гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла самти ҳамкории илмию таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳо дар робита ба табодули устодону донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо мақсади вохӯриро густариш додани ҳамкории минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон ҷиҳати омӯзиши забони чинӣ, ташкил намудани даврҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак андешаронӣ намуданд.

Баъд аз вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбарии ректори донишгоҳ бо Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, шинос шуданд. Ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Вуманҷон Айлӣ таассуроти хешро аз донишгоҳ дар дафтари хотироти Осорхона муассир навишта, истиқболи самимонаи роҳбарияти донишгоҳ ва тамошои маънавии  Осорхонаи Пешвои миллатро барояш чун як рӯзи таърихӣ маънидод намуд.

Ҳамзамон меҳмонон вориди бинои навсохти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардиданд. Меҳмонон бо Осорхонаи донишкада (таърихи фаъолияти донишкада), Синфхонаи фарҳангӣ (муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон), Китобхона (китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ), Синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳи донишкада шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2023 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд