Дурнамои рушди Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» барои 3-5 соли оянда баррасӣ гардид

Ноябрь 28, 2023 18:22

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастрасии қарзҳо аз «Амонатбонк» бо асъори миллӣ ва ҳадафҳои дурнамои рушди ин бонк барои 3-5 соли оянда аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрии ҳайати кории Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ таҳти сарварии роҳбари минтақавии Осиёи Марказӣ ва Туркия Алайн Ноунке бо Раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар доданд.

Дар мулоқот Раиси Раёсати «Амонатбонк» вобаста ба натиҷаи фаъолияти молиявии бонк давоми 10 моҳи соли равон бо рӯнамо баромад намуда, ҳайатро бо дастовардҳои молиявии бонк шинос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна «Амонатбонк» дар ҳолати устувори молиявӣ қарор дошта, рӯз то рӯз ҷойгоҳи худро дар низоми бонкии мамлакат устувор менамояд.

Роҳбари ҳайати кории Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ Алайн Ноунке изҳор дошт, ки дар ҳақиқат имрӯз «Амонатбонк» яке аз бонкҳои низомсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, имконияти молиявии он имкон медиҳад, ки дар рушди макроиқтисодии мамлакат саҳми назаррас дошта бошад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои рушди ҳамкории судманд дар самтҳои мухталиф иброз намуданд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Ноябрь 28, 2023 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд