«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН». Дар «Саноатсодиротбонк» Рӯзи Президент таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар «Саноатсодиротбонк» хабар доданд.
Дар ҳамоиш оид ба хизматҳои таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ, саҳми бузургашон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат ҳамчун Пешвои миллат ва Президенти мардумии Тоҷикистони соҳибистиқлол андешаҳо баён шуданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин филми мустанади «Эмомалӣ Раҳмон — меъмори давлати навини тоҷикон» оид ба корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳифзи давлати миллӣ, истиқрори сулҳу осоиш ва дастовардҳои мамлакат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ намоиш дода шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби кормандони бонк дар робита ба хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар таърихи навини миллати тоҷик ва Тоҷикистон сухан гуфта шуд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»











ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Форуми байналмилалии бонкӣ-2026 масоили бахши молиявӣ дар шароити табдили рақамӣ баррасӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар доираи Sibos 2026 ҳамкории Тоҷикистон бо SWIFT баррасӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд






