ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозиҳои дӯстона доир менамояд

Ноябрь 3, 2023 08:49

ДУШАНБЕ, 03.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 14 ноябр бо дастаи  мунтахаби олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва 17 ноябр бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт рақобати санҷишӣ доир менамояд. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.

Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  дар Ҷоми Осиё-2024 23 ноябр пас аз маросими қуръакашӣ муайян мешаванд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар  давлати Қатар баргузор мегардад.

Бозиҳои дӯстона  (U-23)

14 ноябр (сешанбе)

АМА–Тоҷикистон

Дубай, АМА

17 ноябр (ҷумъа)

Кувайт  –Тоҷикистон

Дубай, АМА

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 3, 2023 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд