ФУТБОЛ. Имрӯз байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия бозии дӯстона доир мешавад

Ноябрь 17, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 17.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии аввали санҷишии дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ва Русия оид ба футбол баргузор мешавад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол 17 ва 20 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия вохӯриҳои дӯстона баргузор менамоянд.

Дар рӯзҳои ФИФА моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе силсилабозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Русия баргузор мешаванд. Дастаи дигари мо, яъне дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон 18 ва 21 ноябр бо ҳамсолони худ аз Русия рақобатҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 17, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад