ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои «Истиқлол» ва «Персеполис» дар доираи бозии даври чоруми Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 бозӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври чаҳоруми Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Персеполис» (Эрон) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
6 ноябр ҷаласаи пеш аз бозӣ оид ба масъалаҳои ташкилии бозӣ доир шуд. Дар ҷаласа бо иштироки комиссари бозӣ, нозири доварон, роҳбарияти дастаҳои «Истиқлол» ва «Персеполис», ҳамчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дигар масъулин масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд.
Соҳибони майдон — футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва меҳмонони дастаи «Персеполис» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






