Губернатори Свердловск дар Тоҷикистон бо НБО-и «Норак» ва ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» шинос шуд

Ноябрь 29, 2023 17:00

ДУШАНБЕ, 29.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 ноябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев дар шаҳри Норак бо НБО-и «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Мақсад аз шиносоӣ бо неругоҳ- густариши ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки 24 октябри соли 2022  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак агрегати №1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Улҷабоев баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дод шуд.  Лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО-и  «Норак» аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии НБО-и «Норак» 375 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 1,4 миллиард кВт-соат зиëд мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки то оғози амалисозии лоиҳа тавоноии неругоҳ ба 3000 МВт ва истеҳсоли миëнаи солонаи неруи барқ 11,2 миллиард кВт-соатро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки ба вилояти Хатлон аз ҷониби Федератсияи Русия 635,1 миллион доллари ИМА сармоя ворид гардидааст, ки онро корхонаҳои зерин ташкил медиҳанд:

  1. ҶСК «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1»- истеҳсоли барқ бо маблағи умумии 624,1 млн доллари ИМА.
  2. ҶДММ «Магнатэк Тоҷикистон»- истеҳсоли сӯзишворӣ ба маблағи умумии 9,39 млн доллари ИМА.
  3. ҶДММ «Тента Кӯлоб»- тайёр намудан ва нахи ресандагии пахта ба маблағи умумии 1,6 млн. доллари ИМА.

Ҳамзамон  роҳбарияти вилояти Хатлон бо губернатор ба ноҳияи  Данғара рафта, бо Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» шинос  шуданд. Корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Маълумот дода шуд, ки ин корхонаи бузург дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шуда, бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин муҷаҳҳаз аст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар корхона то имрӯз 183 ҳазор дона либосҳои гуногун, 37,22 тонна матои рангуборшуда, 50,14 тонна газвор ва 5 миллиону 35 ҳазор метри мураббаъ матои кешбофӣ истеҳсол шудааст.

Маҳсулоти тайёри корхона, аз қабили либос, ришта ва матои кешбофӣ ба Русия, Туркия, Беларус, Полша, Озарбойҷон, Чин ва Покистон содирот мешавад.

Айни замон дар марҳилаи якуми лоиҳа 269 нафар, марҳилаи дуюм 138 нафар, марҳилаи сеюм 262 нафар ва дар марҳилаи чорум 260 нафар ва дар маҷмуъ дар корхона 1400 нафар коргар ба кор ҷалб шудаанд. Дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори корхона ва ташкили се баст дар коргоҳҳо шумораи коргарон ба 2000 нафар расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Шветсария ва Олмон муҷаҳҳаз мебошад.

Дар корхона асосан 32 номгӯй маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини корхона бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар асоси нақшаи бунёди маҷмаа беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардида буд, ки дар он барои таъмини корхона кишти пахта ба роҳ монда мешавад.

Ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара дорои 6000 гектар замин барои кишти пахта ва ду корхонаи пахтатозакунӣ мебошад. Ашёи хом, яъне пахтаи дар ин ноҳияҳо аз ҷониби ширкати «Ҷунтай-Хатлон Син Силу» истеҳсолшуда барои коркард ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» равона мегардад.

АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 29, 2023 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШАҲРИ САБЗ». Дар Душанбе микроавтобусҳои барқӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Остона Конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи CAREC баргузор шуд
Дар Женева татбиқи ҳадафҳои лоиҳаи АСИКУДА баррасӣ гардид
3 ширкати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «CIIE-2024» дар Чин маҳсулоташонро ба намоиш гузоштаанд
Дар Ашқобод ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ доир шуд
Байни «Тоҷикаэронавигатсия» ва Бюрои минтақавии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар минтақаи Шинҷони Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дурнамои муносибатҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин дар самти баланд бардоштани гардиши савдо баррасӣ шуд
БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲО ҲАДАФИ АСОСИИ МОСТ. Дар шаҳри Алмато ҷаласаи якуми мақомоти авиатсионии минтақа баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Вазири энергетика ва Сафири Ҷопон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос шуданд
Дар шаҳри Ал-Кувайт Форуми саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Кувайт баргузор гардид