Хадамоти оташнишонӣ дар муассисаҳои тандурустию таълимии шаҳри Хоруғ санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтор гузаронид

Ноябрь 26, 2023 09:19

ХОРУҒ, 26.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ барои ҳаматарафа омода намудани идораву муассисаҳои шаҳр ба фасли зимистон ва пешгирӣ аз сӯхтор дар ҳамкорӣ бо Маркази “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳр дар бинои Маркази «Нур», ки дар он кӯдакони имконияташон маҳдуд ба табобату таълим  машғул мебошанд,  машқи тактикӣ баргузор намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Мутобиқи барнома, бо гирифтани хабари таъҷилӣ гурӯҳҳои наҷотдиҳии қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ ва табибони маркази  “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳр дар муддати кӯтоҳ дар назди бинои Маркази «Нур» ҳозир шуданд.

Баъди ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан муовини қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳр Абдураҳмон Мулкамонзода гурӯҳҳои наҷотдиҳиро бо вазъияти ба амал омада, тарзи  кӯч додани одамон, хомӯш намудани манбаи асосии сӯхтор шинос намуд.

Бояд гуфт, ки  маркази «Нур» ба кӯдакони имконияташон маҳдуд кумаки тиббӣ мерасонад ва ин қишри осебпазири ҷомеа буда, дар ҳар гуна офатҳои табиию техногенӣ ба кумаки бештар ниёз дорад. Баъди  шиносоӣ  бо нақшаи тахлияи бино гурӯҳи махсус пайи наҷоти кӯдакон ва табибони ин марказ шуд.

Як гурӯҳи кормандон табобатгирандагонро аз табақаҳои поён ба воситаи дари асосӣ берун бароварда, онҳоеро, ки дар табақаҳои болоӣ дар монда буданд, ба воситаи нардбону танобҳои махсус ба замин интиқол медоданд.

Дар ин ҷо зарардидагон ва нафарони аз сӯхтор наҷотёфтаро табибони Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ интизор буданд ва сари вақт ба онҳо ёрии аввалини тиббӣ мерасонданд. Табибон  вазъи сиҳатии зарардидагонро ҳаматарафа санҷида, онҳоро барои табобати минбаъда ба беморхона интиқол медоданд.

Муовини сардори қисми 16-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Хоруғ Абдураҳмон Мулкамонзода гуфт, ки ҳадафи баргузор намудани машқҳои тактикӣ, агар аз як сӯ санҷидани маҳорату малакаи гурӯҳи наҷотдиҳӣ ҳангоми сӯхтор бошад, аз сӯи дигар, масъулияти муассисаҳои тандурустиро дар риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бештар месозад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 26, 2023 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

28 июл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
Пагоҳ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад