ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Набиҷони Саидаброр баъди адои қарзи фарзандӣ бо сари баланд фаъолияти кориашро идома медиҳад

Ноябрь 7, 2023 16:38

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар субҳи барвақт, соати 5:00 навбатдори рота бо садои баланд мегуфт: «Рота, аз хоб бархез!». Мо дар муддати 45 сония либосҳоямонро пӯшида, дар назди хобгоҳи қисми ҳарбӣ саф мекашидем. Баъди варзиши пагоҳирӯзӣ як соат ба тамрини бадан машғул мешудем. Пас аз хӯроки субҳона сарбозон ба синфхонаҳои таълимӣ мерафтанд ва ба онҳо афсарони таҷрибадор дарси ҳарбиро меомӯхтанд. Ба ҳамин низом ҳама кори сарбоз мувофиқи нақша амалӣ карда мешуд. Чунин ёддоварӣ намудааст старшина Набиҷони Саидаброр, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ дар ҷойи кори пешинааш — рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба фаъолият оғоз намудааст.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба рўзномаи «Хатлон» иттилоъ медиҳад, Набиҷон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳсил карда, ҳамзамон дар рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси масъули бахши мултимедиа кор мекард. Пас аз хатми донишгоҳ, 8 октябри соли 2022 дар даъвати тирамоҳии наваскарон бо ихтиёри худ ба хизмати аскарӣ рафта, хизматро дар қисми низомии 07256 оғоз намуд. Дар баробари ин ҳамкориро бо рӯзнома идома дода, аз ҳаёти хизматии аскарбачаҳо, шароити хизмат маводҳо менавишт. Як соли хизмати аскарӣ паси сар шуд. Аз аскари қаторӣ то рутбаи старшина расида, баъди адои хизмат фаъолияти кориашро дар рӯзнома идома дода истодааст.

«Дар тӯли як соли хизмати аскарӣ дарк кардам, ки бояд ҳар як ҷавонмард барои иҷрои қарзи фарзандии худ ба хизмати аскарӣ равад. Зимни хизмат ҳар сарбоз мактаби ҷавонмардиро гузашта, баҳри ҳифзи Ватан-Модар ҳамаҷониба омода мешавад. Ба ғайр аз ин, дар инҷо касбу ҳунар омўхта, дурӣ аз падару модар ва ёру дўстон имкон медиҳад, ки ба қадри онҳо бештар бирасӣ»,-мегўяд ў.
Ҳар лаҳзаи хизмат дарсҳои тарбиявию ҳаётӣ дошт ва аз ин рўзҳо хотироти зиёд бардоштаам. Дар соатҳои дамгирӣ сурудхонӣ мекардем, баҳсҳои илмӣ доштем ва гоҳи дигар бошад, ҳама якҷо ба тамрини бадан машғул мешудем, — мегўяд Набиҷон ва шарҳ дод, ки ҷолибии хизмати мо дар он буд, ки ҳама корро сарбозон якҷоя анҷом медодем. Ҳайати шахсии сарбозон панҷ ангушти як муштро мемонд.

«Дар оғози хизмат падару модар ва наздиконамонро пазмон мешудем. Сарбозоне, ки пеш аз мо ба хизмат ҷалб шуда буданд, аллакай бо мо унс гирифта, ба хизмати содиқона раҳнамоӣ мекарданд. Як сарбозе, ки ба анҷоми хизмати ҳарбиаш чанд рӯзи дигар монда буд, баҳри мо наваскарон ҳар саҳару бегоҳ дар васфи Модар-Ватан суруд мехонду ба қавле моро руҳбаланд менамуд. Ҳамин тавр, ҳар рӯзи мо дар паҳлӯи ҳамдигар, мисли бародар сипарӣ мешуд. Ҳар гоҳе, ки назди сарбозон волидайн ба аёдат меомаданд, савғо — нону кулчаи ширмол ва шириниҳо меоварданд ва мо дастаҷамъона аз он даҳон ширин мекардем. Ин, албатта, нишонаи дӯстию тифоқии мо буд»,- ба ёд меорад номбурда.

Набиҷон илова кард, ки бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи мо — сарбозон аз ҷониби роҳбарияти қисми ҳарбӣ иқдомҳои наҷибе гирифта мешуд. Дар ҳар иду ҷашнвора хизмати хуб ва содиқонаи сарбозон ба инобат гирифта шуда, онҳо бо рутба ва сипосномаю ифтихорнома қадр карда мешуданд. Дар ин росто ба падару модарон гуфтаниам, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ хуб аст ва ҳама шароит барои сарбозон муҳайёст.

— Дар хизмати аскарӣ ҳоло низоми пурзӯр аст ва сарбозоне, ки пештар ба хизмат даъват шудаанд, ба наваскарон муносибати хуб доранд. Ба ҳар хел овозаҳо бовар накунед, зеро инҷо ҳама мисли фарзандони як модар як бурда нонро якҷо мехӯранд. Барои тасдиқи ин суханон волидон метавонанд ба қисми низомии фарзандон рафта, бо шароити хизмати ӯ аз наздик шинос шаванд.

«Хизмати Ватан-Модарро бо сари баланд ва ифтихори ҷавонмардӣ ба анҷом расонида, ба оғӯши гарми модар ва силаи дасти падар баргаштам. Вақте ба хона омадаму ин ду азизи қалбамро ба оғӯш гирифтам, падарам гуфт: «Парвардигоро, ҳазорон бор шукратро мекунам, чун писари ман баҳри ҳифзи меҳани худ камар баста, бо сари баланд хизмати ватанро ба ҷо овард». Модарам бошад, аз хурсандӣ ҳамон шаб хоб нарафта, то субҳ бо ман суҳбат кард. Волидонам шукронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, тинҷиву осудагии Ватанро мекарданд. Онҳо дасти дуо бардошта, ба ман барои идома додани фаъолияти рӯзноманигорӣ дуои нек доданд», -изҳор дошт бо хушнудӣ мавсуф.

АКС: Рӯзномаи «Хатлон»

 

Ноябрь 7, 2023 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид