Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши сарнавиштсоз гузошт

Ноябрь 16, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсоз гузошт. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Чунин ибрози назар намуд Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барно Саидвализода дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 ноябр дар Хадамоти иҷро доир шуд.

Сардори Хадамоти иҷро иброз дошт, ки дар иҷлосия бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гардид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи Парчами давлатӣ» ва дар радифи дигар қонунҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод намудани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир намудаанд» қабул гаштанд. Ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳуриамон мусоидат намуданд. Бо ин тадбирҳои амалинамуда  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд».

Мояи ифтихори  миллати  тамаддунофар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи  дунёи сиёсат дар арсаи  байналмилалӣ, паёмовари  матини сулҳу  ваҳдат  бо беҳтарин хислатҳои наҷиби  инсонӣ, ҳиссиёти  баланди  миллӣ ҳамчун фарзанди содиқи халқу Ватан сазовори обрӯ ва қадрдонии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шахсиятҳои сиёсиву  фарҳангии  дунё гардидаанд. Унвони  баланди «Пешвои  асри XXI», «Меъмори  сулҳ»  ва  дигар унвонҳои  бонуфуз мояи ифтихору  сарбаландии Ватани азизи мо ва  тоҷикони дунё  мебошад.

Мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ояндаи  пурифтихори Тоҷикистон боварӣ дошта, бо итминони комил  гуфта метавонем, ки кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ва рушди  қонунгузории  ҷумҳурӣ саҳми босазо  мегузоранд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд