Имрӯз ҳарорат дар Тоҷикистон то 7 дараҷа паст мефарояд
ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи ҳаво якбора номусоид гардида, борони бошиддат ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 5-7 дараҷа паст хоҳад шуд. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ба амал омадани борон бо гузариш ба барф дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона аз 0+5 то 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳида борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония вазида, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0+5 дараҷа гарм то ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






