Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 27 дараҷа мерасад

Ноябрь 21, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 21.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона ба 27 дараҷа мерасад. 22-23 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид гардидани вазъи обу ҳаво пешгӯӣ шуда, борон (бо гузариш ба барф), шаби 23 ноябр дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд ва Хатлон борони бошиддат ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда  шуда, ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8+10 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 21, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд