Қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъйиноти махсус табдил дода мешавад

Ноябрь 10, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 10.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти шароиту имконияти имрӯза, дастур дода мешавад, ки қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилӣ ба Бригадаи фаврии таъйиноти махсус табдил дода шавад. Чунин иброз доштанд имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамшуда дар бинои хобгоҳи сарбозони баталёни фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Ҳайати шахсӣ дар баробари толори барҳаво ҳамзамон метавонанд аз ҳуҷраҳои зарурии ёрирасони замонавӣ истифода намоянд. Дар маҷмуъ дар ин қисми низомӣ 1 хобгоҳ бо ҳуҷраҳои ёрирасон сохта шуда, 5 хобгоҳи дигар пурра навсозӣ шудааст. Дар толорҳои барҳаво барои ҳайати шахсӣ мутобиқ ба талаботи замон ҷиҳати адои хизмати Модар-Ватан шароит фароҳам оварда шудааст. Дар хобгоҳи сарбозон, роҳравҳо ва атрофи қисми ҳарбӣ камераҳои назоратӣ насб шуда, буду боши афсарону сарбозон зери назорати пайваста қарор дорад.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд