ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Вазорати молияи Тоҷикистон барои қабули таклифу пешниҳод почтаи электрониро фаъол намуд

Ноябрь 27, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар раванди хизматрасонии муздноки давлатӣ, ки татбиқи он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» амалӣ мешавад, барои қабули таклифу пешниҳод бо нишонии peshnihod@moliya.tj почтаи электрониро фаъол намудааст.​ Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Бо мақсади бартараф намудани мушкилиҳое, ки дар ин раванд ҷой доранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хоҳиш мешавад, ки таклифу пешниҳоди худро вобаста ба масъалаи мавриди назар ба суроғаи электронии peshnihod@moliya.tj манзур намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад