КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ ТАҚДИРСОЗ. Дар ноҳияи Варзоб бахшида ба ин ҳуҷҷати муқаддас ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 2, 2023 15:14

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии мамлакат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд. Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонем, ки Конститутсияи мамлакат ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик санади асосӣ мебошад. Ин нукта  зимни  баргузории ҳамоиш таҳти унвони «Конститутсия – муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Варзоб иброз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо ташаббуси ноҳияи Варзоб дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  доир гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф намуда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ иброз дошта буданд, ки «ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғе аст, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар менамояд. Мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром намоем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагонӣ ва амал намоем».

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Конститутсия–иродаи давлатдории миллӣ», «Конститутсия–рамзи олии истиқлоли давлат» ва «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ» маърузаҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Конститутсия санади асосӣ шинохта мешавад. Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷикон пеш омад. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Варзоб 

 

Ноябрь 2, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид