«КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ОМИЛИ НАҶОТИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Бохтар ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-омили наҷоти миллат» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни шарҳи мавзуи конференсия гуфта шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз қабули он 29 сол сипарӣ мешавад, чун санади олии ҳуқуқӣ арзиши баланд дошта, дар радифи Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои муайнкунандаи давлат маҳсуб мешавад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам мавзуи нақш ва аҳамияти қабули Конститутсияро дар барқарории сулҳу субот ва роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки нақш ва аҳамияти қабули Қонуни асосӣ дар раванди истиқрори сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ бағоят бузург аст. Қабули Конститутсия дар он шароити ҳассоси таърихӣ барои миллати тоҷик имконияти эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро фароҳам оварда, низом ва тартиботро дар ҷомеа барқарор сохт. Агарчи миллати тоҷик ба Ваҳдати миллӣ танҳо пас аз се соли қабули Қонуни асосӣ расид, вале паёму пайғом ва башорати сулҳу субот аз замони қабул дар ҳар муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ ҳувайдо буд ва он роҳи расидан ба ҳадафу ормонҳои миллатро равшан сохт. Ин аст, ки қабули Конститутсия ба сифати яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихи соҳибихтиёрии мамлакат шинохта шудааст.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода дар суханронии хеш аз раванди пешниҳоди лоиҳа, муҳокима, баҳсу баррасӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 ёдоварӣ намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қабули ин санади сарнавиштсози миллат бузург арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва омодасозии лоиҳаи Конститутсия ва муқаррароти асосии он, аз ҷумла низоми давлатдорӣ ва шакли идоракунии давлат таъсир гузошта, барои мукаммал намудани ин санад талошу кӯшишҳои зиёд анҷом доданд.



Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки «бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд ва миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун шиносномаи миллат рушди давлати соҳибистиқлоламонро таъмин ва роҳи расидан ба ояндаи дурахшонро мунаввар намуд. Мояи ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон ба қатори яке аз даҳ конститутсияҳои беҳтарин шомил гардидааст».
Дар қисмати музокираи конференсия устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар андешаҳои хешро оид ба Конститутсия иброз доштанд.
Дар хотимаи конференсия аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба китобхонаи донишгоҳ ҷилдҳои китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» туҳфа гардид.
АКС: Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид






