Масъалаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии Русия баррасӣ гардид

Ноябрь 11, 2023 11:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Алексей Комиссаров мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаи густариши ҳамкорӣ  дар бахшҳои илму маориф байни мактабҳои олии Тоҷикистон ва муассисаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҷеъ ба омода намудани мутахассисон, роҳандозии таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик табодули афкор шуд.

Бояд таъкид намуд, ки айни ҳол дар муассисаи мавриди назар 267 нафар донишҷӯёну магистрҳо ва аспирантҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд. Қисми зиёди онҳо дар раванди таҳсил ва фаъолияти илмӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда, дар ҳаёти ҷамъиятию мадании Академия саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Ноябрь 11, 2023 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид