Ниҳодҳои муқовимат ба коррупсияи Тоҷикистон ва Узбекистон барои солҳои 2024-2025 нақшаи чорабиниҳо ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 06.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар Форуми сеюми Тошканд оид ба мубориза бо коррупсия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.
Дар Форум доир ба паҳлуҳои мухталифи зуҳуроти коррупсия ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар самти муқовимат ба коррупсия табодули афкор анҷом дода шуд.
Дар доираи форум мулоқоти Сулаймон Султонзода бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, «Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2024-2025» ба имзо расонида шуд.
Таъкид гардид, ки баимзорасонии нақшаи мазкур барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия








Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд






