Ғолибони даври ҷумҳуриявии Мусобиқа оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарон муайян ва қадршиносӣ шуданд

Ноябрь 20, 2023 15:19

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чорабинӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм дар чор марҳила доир гардида, дастаҳое, ки дар сатҳи вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳри Душанбе ғолиб шуданд, имконияти иштирок дар марҳилаи ниҳоии мусобикаро пайдо намуданд.

Марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол (духтарон) байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Точикистон аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Кӯлоб доир гардида, дастаҳо бо нишон додани маҳорат ва малакаи хуби волейболбозӣ ба таври зерин зинаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд.

Ҷойи якум — дастаи Душанбе-1

Ҷойи дуюм — дастаи Хуҷанд

Ҷойи сеюм — дастаи Хатлон-2

Ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо ҷом, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд