Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

Ноябрь 14, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд.

Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа, аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидаанд.

Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ- коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб мешавад. Қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.

Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо ҳамчунин ду фаввораи зебо низ бунёд гардидааст. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари “Тоҷикон” ҷой дода шудаанд ва рамзи дигар- асари мондагори Бобоҷон Ғафуров — “Тоҷикон”-ро,  ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик аст, таҷассум намудааст.

Ҳамчунин дар ҳудуди иншоот бо завқу салиқаи баланд корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ анҷом дода шудаанд, ки ифтитоҳи он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам менамояд.

Пардабардорӣ аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров 14.11.2023

Ноябрь 14, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд