ПОСДОРОНИ СУБОТУ ОРОМӢ. Дар солномаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва ҷонбозиву корнамоии кормандони милитсия бо хати заррин сабт гардидааст

Ноябрь 10, 2023 10:37

ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар саросари Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мешавад.  Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллату давлат саҳифаи навину дурахшон оғоз гардид, ки дар он солномаи мардонагиву далерӣ, шарафу номуси ватандорӣ, ҷонбозиву корнамоиҳо ва садоқат ба касбу савганди кормандони милитсия бо хати заррин сабт гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханронӣ дар ҷашни Рӯзи милитсия фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро ҳамчун намунаи ибрат барои дигар сохторҳо арзёбӣ намуда, дар муроҷиат ба кормандони ин сохтор чунин изҳор дошта буданд: «Ман аз ҳар кадоми шумо миннатдорам, ки бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат вазифаву уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва халқи худ адо менамоед. Зеро милитсия ҳомии назму тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизатгари боэътимоди халқ ва давлати Тоҷикистон мебошад. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад».

Дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст. Кормандони милитсия дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ вазифаҳои ба уҳдаашон гузоштаро бошарафона иҷро намуданд. Онҳо якҷоя бо ҷузъу томҳои дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басе арзишманд гузоштанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва хосса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат бобати таҳкими таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва сохторҳои он бо таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, бунёди иншооти замонавӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Ин ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат менамояд.

9 ноябри соли 2022  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади идона ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷумла чунин иброз намуданд: «Кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то имрӯз якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна қонунвайронкуниҳо содиқона ва ҷавонмардона хизмат доранд».

Гуфта шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ, хусусан дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъулияти басе душвор – ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини оромиву осоиш ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткорро ба уҳда дошта, масъулияти худро бо сари баланд иҷро намуданд.

Президенти Тоҷикистон аз таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо намудани кормандони ин ниҳод бар зидди неруҳои ҷиноятпеша ёдовар шуда, гуфтанд, ки «тайи солҳои сипаришуда ҳайати шахсии милитсияи тоҷик дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ малака андӯхт. Таъкид менамоям, ки терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳо, бахусус солҳои охир барои аҳли башар, аз ҷумла минтақаи мо ба таҳдиди ҷиддӣ табдил ёфтаанд».

Пешвои миллат  аз хатари дигари ҷиддие, ки метавонад оромиву суботи ҷомеаи моро халалдор созад, яъне шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ бо изҳори нигаронӣ иброз доштанд, ки «ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди ин таҳдиду хатарҳо ва кӯшишҳои халалдор сохтани вазъи муътадили ҷомеа ҳамеша ҳушёру омода бошанд ва дар ин раванд ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ эътибори ҷиддӣ ва доимӣ диҳанд».

Ба таъкиди Президенти Тоҷикистон, имрӯз гурӯҳҳои ифротиву террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки худ, аз ҷумла дар самти ҷалби ҷавонон аз имконияту воситаҳои технологии пешрафта васеъ истифода мебаранд, ки ин масъала низ бояд дар маркази таваҷҷуҳ ва чораҷӯии роҳбарону масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошта бошад.

Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ аз набарду муборизаҳои сангин ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили тинҷиву осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст.

Маҳз ҳамин хизмати содиқонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аст, ки чанде қабл Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон дар ҷойи якум қарор гирифт. Ин маълумот аз Раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» бармеояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба даҳгонаи давлатҳои раддабандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 96, Финландия – 92, Исландия – 92, Кувайт – 92, Люксембург – 92, Норвегия, Ветнам – 92, Швейтсария – 91, Дания – 90 ва Индонезия – 90 шомил мебошанд.

Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузаронидаанд, тоҷикистониён изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос наменамоянд ва ба  мақомоти ҳифзи тартибот бовар доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифта буд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ ба ин мақомот таъкид намудаанд, ки «ман ба қудрату тавоноӣ, далериву мардонагӣ ва садоқату вафодории хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои дохилӣ ба давлату миллат ва сарзамини муқаддасамон итминони комил дорам».

Аз ин рӯ кормандони ин мақомотро зарур аст, ки бо такя ба боварии комили Президенти Тоҷикистон ба Ватан хизмати софдилонаю содиқона намуда, дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ маҳорату малакаи баланди касбӣ зоҳир намуда,  дар ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон бо интизоми намунавӣ натиҷаҳои баланди хизматӣ нишон диҳанд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 10, 2023 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»