Президенти Тоҷикистон: «Мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ ба андозае шиддат гирифтаанд, ки пешгӯии оқибати ҳодисаҳои дунё барои чанд рӯзи оянда ғайриимкон аст»
ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Тавре ки имрӯз мебинем, мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо намудаанд, ки оқибати раванду ҳодисаҳои дунёро ҳатто барои чанд рӯзи оянда пешгӯӣ намудан ғайриимкон гардидааст. Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд ҳамеша ҳушёр бошанд»,- чунин изҳор доштанд имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухаронӣ ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ.
Роҳбари давлат иброз намуданд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ, хусусан, Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони мамлакатро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ҷалби мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба хизмат ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат зиёда аз 400 иншооту бинои мақомоти корҳои дохилӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои кормандони мақомоти милитсия, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ва таҳкими асосҳои моддиву техникии онҳо, инчунин хизмати содиқонаи ҳомиёни Ватан ва қонунияту тартиботро ҳамеша қадршиносӣ менамояд.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, «барои шуҷоату мардонагӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани уҳдадорию вазифаҳои хизматӣ то имрӯз садҳо нафар кормандони милитсия ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






