Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия гардиданд

Ноябрь 21, 2023 12:30

ДУШАНБЕ, 21.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ пазироӣ намуданд.

Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду давлат оро ёфта, Ротаи қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи гарнизони Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буд.

Баъди гузориши Фармондеҳи Ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба ливои ротаи фахрӣ, гузашти тантанавии қаровули фахрии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.
Маросими истиқболи расмӣ дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва 21.11.2023

Ноябрь 21, 2023 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон