Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

Ноябрь 23, 2023 17:50

ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа бо дарназардошти вазъ дар минтақаҳои СААД ва ҷаҳон масоили афзоиши хатару таҳдидҳои минтақавию байналмилалӣ, мушкилоти рӯзмарраи амнияту бехатарӣ дар минтақаву ҷаҳон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД ва таҳкими ҳамкории байнидавлатии кишварҳои аъзо дар доираи Созмон ҷиҳати ба таъмини амнияту бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба рӯзномаи ҷории масъалаҳои СААД, роҳҳои пурзӯр намудани муқовимат ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштараки самарабахши мақсаднок дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷинояткории фаромиллӣ мубодилаи афкор карда шуд.

Аз рӯйи натиҷаҳои кори ҷаласа Сарони давлатҳо Баёнияи дахлдор, инчунин қарорҳои дахлдорро оид ба беҳтар гардонидани фаъолияти сохтории СААД, такмили асосҳои меъёриву ҳуқуқии фаъолияти он, рушди низоми аксуламалҳои буҳронӣ ва татбиқи дигар тадбирҳо дар асоси рӯзномаи фаъолияти Созмон қабул намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма натиҷагирӣ карда шуд.

Ноябрь 23, 2023 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Изҳори ҳамдардии Пешвои миллат бинобар марги фоҷиавии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд
Ҳисоботи телефонии Раиси вилояти Хатлон ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд