Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд

Июнь 19, 2026 18:24

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе, ки бо сафари расмӣ дар раъси як ҳайати баландпояи кишвари дӯст дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Зимни суҳбат аҳаммияти фаъол кардани муколамаи сиёсӣ ва тамосҳои созандаи корӣ дар сатҳҳои гуногун таъкид гардида, ба тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои ду кишвар ишора карда шуд.

Масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Дар ин замина, масоили амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ташкили занҷираҳои истеҳсолӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, инчунин рушди тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид.

Истифодаи муштараки долонҳои транзитии байниминтақавӣ, ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ, роҳандозии робитаҳо дар самти навгониҳои технологӣ бо шумули зеҳни сунъӣ ва рушди иқтисоди “сабз” ҳамчун самтҳои ҳамкории судманд муайян карда шуд.

Ҳангоми баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши гуманитарии муносибатҳои ду кишвар, ба фаъол кардани робитаҳо дар соҳаҳои илм, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон бастаи калони санадҳои дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.

Вобаста ба ин ба имзо расидани Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус зикр гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина таъкид доштанд: – “Мо бар ин боварем, ки фаъолияти Комиссияи мазкур дар татбиқи тадбирҳои амалӣ ба мақсади рушди ҷанбаҳои зикргардида ва дигар самтҳои робитаҳои ду кишвар мусоидати ҳамаҷониба хоҳад намуд”.

Дар рафти баррасии масоили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии саъю талошҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсуси он бо таваҷҷуҳи махсус ба рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба об ва иқлим тасдиқ карданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе барои намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкории ду кишварро таҳким мебахшад.

Имзои Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ басо муҳим дониста шуд.

Ҳуҷҷатҳои дигар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, варзиш, тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои ба ҳарду ҷониб судбахшро фаро мегиранд.

Мулоқот бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе 19.06.2026

Июнь 19, 2026 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд