Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 21-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 08.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи 21-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин ҷаласа дар мавзуи «Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини навсозии давлат» суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералӣ.
Дар ҷаласа прокуророни генералии Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Узбекистон, ҳайатҳо таҳти роҳбарии Прокурори генералии Беларус, Прокурори генералии Муғулистон, Котибот ва Сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба нақши прокуратура дар таъмини навсозии давлат, фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақаи Созмони ҳамкории Шанхай, баланд бардоштани некӯаҳволӣ ва сатҳи зиндагии сокинони давлатҳои аъзои Созмон табодули афкор намуданд.
Ба мувофиқа расида шуд, ки ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи молия бо мақсади ҳифзи субот, тартиботи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти миллӣ дар ҷараёни навсозии давлатҳо тақвият бахшида шавад. Ҳамчунин дар кори ташкилоти байналмилалӣ, ки фаъолияти онҳо ба рушди иқтисод, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон нигаронида шудааст, фаъолона иштирок намоянд.
Бо назардошти эълон гардидани соли 2024 Соли экологияи Созмони ҳамкории Шанхай зарур дониста шуд, ки ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи ҳифзи муҳити зист боз ҳам густариш дода шавад.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ дар қаламрави давлатҳои худ тадбирҳои муассир андешанд; ҳамкории мақомоти прокуратураи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромарзӣ вусъат диҳанд, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди соҳибкорӣ ва бо ин мақсад истифодаи тамоми шаклҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳамкории мақомоти прокуратураи ноҳияҳои наздисарҳадӣ назоратро таъмин намоянд.
Тавре ки дар хабари расмӣ омадааст, аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ниҳоӣ қабул гардид.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






