Роҳсозони Бадахшон соҳиби чор техникаи замонавӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи ҷобаҷокунии техникаҳои муҳандисӣ дар минтақаҳои хавфнок ва омодагии идораву муассисаҳо барои давраи зимистони солҳои 2023-2024 мавриди баррасии роҳбарияти вилоят ва сохтору идораҳои дахлдор қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Роҳбарияти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят гузориш пешниҳод намуда, иброз дошт, ки бо мақсади баҳисобгирии ҳаҷми сӯзишворӣ ва маводи зидилағжиши захирашуда дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят ва омодагии техникаю механизмҳои муассиса якчанд корҳо анҷом дода шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол роҳсозони вилоят боз соҳиби чор техникаи замонавӣ гардиданд. Аз ин рӯ омодагии муассисаҳои роҳнигаҳдорӣ ба мавсими зимистон бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки дар ҳолати хуб ва ба талабот ҷавобгӯ нигоҳ доштани роҳҳои мошингард муҳимтарин вазифаи роҳсозон мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






