Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо Намоишгоҳи СПЕКА шинос шуданд

Ноябрь 24, 2023 12:50

ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Намоишгоҳи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА дар ҳошияи саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз 22 то 25 ноябр баргузор мегардад.

Иштирокчиёни намоиш- давлатҳои аъзои СПЕКА, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Маркази ЭКСПО-и ба номи Гейдар Алиев” павилионҳоро бо тарҳи миллӣ оро дода, молу маҳсулоти ватани худро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон павилиони давлатҳои аъзои СПЕКА – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистонро тамошо намуданд.

Бояд гуфт, ки СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон ва Афғонистон давлатҳои иштирокчии он ба ҳисоб мераванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони худро дар масоҳати 250 метри мураббаъ бо тарҳу услуби замонавӣ ва бо нақшу нигори миллӣ оро дода, маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла молҳои саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштааст.

Ҳадаф аз иштироки Тоҷикистон дар ин намоиш, пеш аз ҳама, ҷалби сармоя, муаррифии иқтидори молу маҳсулоти ба содирот нигаронида, дарёфти шарикони нав ва бозорҳои содиротӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва беш аз 30 намояндаи бахши хусусӣ, ҳунармандон ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат маҳсулоти худро муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон намунаи корҳои баанҷомрасонида ва нақшаҳои оянда вобаста ба рақамикунонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши меҳмонони намоишгоҳ гардид.

Бояд гуфт, ки 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев аз Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо молу маҳсулоти ватанӣ шинос шуданд.

Зимни боздид ба роҳбари давлати мизбон вобаста ба раванди саноатикунонии мамлакат, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти коркардшуда ва неъматҳои моддии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуда, намунаи ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид.

Дар доираи баргузории Ҳафтаи барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) Форуми иқтисодӣ, вохӯриҳои дуҷониба байни доираи соҳибкорони давлатҳои аъзои СПЕКА ва дигар чорабиниҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баргузор мешаванд.

Мояи хушнудӣ аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон робитаҳои ду давлат ба сатҳу сифати нав баромада, дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои амиқ ба назар мерасанд.

Пас аз шиносоӣ бо Намоишгоҳи маҳсулот, хизматрасонӣ ва навовариҳои давлатҳои аъзои СПЕКА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар масъулони ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо истифода аз ин имконот барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлат, дарёфти шарикон ва афзоиши содироти молу маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Боздид аз Намоишгоҳи СПЕКА дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон 24.11.2023

Ноябрь 24, 2023 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026