Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд

Ноябрь 15, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, нахуст бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин бинои хуштарҳу замонавӣ ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ бо назардошти талаботи соҳа бунёд гардида, дар он барои фаъолияти босамар имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, бинои нав дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ буда, бо мизу курсӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин дар иншоот барои кормандони соҳа китобхонаи замонавӣ бо махзани бойи китобҳои бадеиву соҳавӣ ташкил гардида, толори хониш бо имконияти зарурӣ таъмин аст.

Бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд бо назардошти санъати муосири меъморӣ бунёд гардида, аз 7 ошёна иборат мебошад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав бо таваҷҷуҳ ба обутоби бадан толори алоҳидаи варзишӣ ташкил гардидааст, ки он бо дастгоҳҳои машқу тамрин муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамчунин иншоот дорои толори алоҳидаи маҷлисӣ, ошхона, ҳуҷраҳои замонавии машваратӣ буда, корҳои сохтмонии он бо сифати баланд анҷом дода шудаанд.

Дар атрофи иншоот корҳои ободониву сабзкорӣ анҷом ёфта, саҳни он пурра сафолакпӯш гардидааст.

Бунёду ба истифодадиҳии ин иншоот шароиту имконоти хизматии кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро мувофиқу муносиб намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва дастгирии доимӣ онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Роҳбари давлат зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ таъкид доштанд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид кормандони ин ниҳод бояд барои ҳифзи суботу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар кӯшишу талош намоянд. Хусусан кормандон дар вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон бояд ҳушёриву зиракӣ ва далерию чолокиро аз даст надиҳанд.

Ба истифода додани бинои нави шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд 15.11.2023

Ноябрь 15, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд