Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ насиби шаҳри Душанбе гардид

Ноябрь 4, 2023 09:59

ДУШАНБЕ, 04.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  3 ноябр бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арзишҳои миллӣ доир гардида, ғолибон бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардиданд. Аз ҷумла, дар бахши «Ноҳияи беҳтарин» ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сазовори ҷои аввал, ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сазовори ҷои дуюи ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон сазовори ҷои сеюм шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати доихилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз соли 2022 ба роҳбарони мамлакат супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту ташаббуси созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду навсозӣ байни деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳоти шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Аъзои тадорукоти озмуни чумҳуриявӣ ҳамаи инро ба назар гирифта, беҳтарин деҳаҳоро интихоб намуданд. Ҳамин тариқ тибқи баҳогузории Комиссияи озмун дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон сазовори ҷои аввал, деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сазовори ҷоим дуюм, деҳаи Оби шифои ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Таъкид гардид, ки барои вусъат бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ, ободу зебо гардонидани ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал- таъмин намудани рушди ҳамҷонибаи деҳоти мамлакат  ба ифтихори  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани  озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаҳои беҳтарин амалӣ мешавад.

Мавриди тазаккур аст, ки тибқи баҳогузории Комиссияи  озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ Шоҳҷоизаи озмун дар бахши «Шаҳри беҳтарин» насиби шаҳри Душанбе гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2023 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд