СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ» БАРОИ СОЛҲОИ 2023-2037. Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии онро баррасӣ намуданд

Ноябрь 28, 2023 10:38

ДУШАНБЕ, 28.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе дар мавзуи «Ҷараёни амалишивии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023-2037» бо иштироки аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ходимони дин, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ҷамъиятӣ ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар котиботи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикиситон хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сентябри соли 2022 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037»-ро қабул намуд. Ҳадаф аз он гузаронидани ислоҳоти дастурӣ, таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, амалӣ намудани технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» мебошад.

Амалӣ намудани стратегия ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зиёд намудани истеҳсоли энергияи «сабз» таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. 27 октябри соли равон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «бо назардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ мо ният дорем, ки иқтидори худро оид ба истеҳсоли энергияи «сабз» то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем».

Гуфта шуд, ки фаҳмиши иқтисодиёти «сабз»-ро вақтҳои охир олимону рӯзноманигорон, мутахассисону коршиносони соҳаи энергетика, кишоварзӣ хеле зиёд мавриди истифода қарор медиҳанд. Мувофиқи ақидаи коршиносони ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид, иқтисодиёти «сабз» чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ аст, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии одамон ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамчунин хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад.

Масалан, дар соҳаи кишоварзӣ ба ҷойи нуриҳои маъданӣ истифодаи нуриҳои органикӣ – поруи чорвою паранда, хазони рустаниҳо, ба ҷойи заҳрхимикатҳо усули биологии ҳимояи зироат, бунёди гармхонаҳои офтобӣ, ба роҳ мондани усули қатрагии обёрии зироат, захира намудани оби барфу борон дар мавзеъҳои камоб дорои манфиатҳои зиёди иқтисодию экологӣ мебошанд. Дар ин ҳолат фоида зиёд ба даст омада, саломатии одамон ҳифз мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир фаъолияти худро барои ноил шудан ба афзалияти дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои рушди устувор пешбинишуда равона намуда, дар самтҳои рушди «сабз» ва устувор, аз ҷумла паст намудани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, нигоҳ доштани мувозинати экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ин асос ҳадафи стратегии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва суботи иҷтимоӣ, инчунин таъмини баробарии экологӣ дар давраи дарозмуҳлат муайян гардид.

Бо татбиқи иқтисоди «сабз» Тоҷикистон метавонад дар истифодаи иқтидорҳои тавлиди неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршаванда дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол намояд, ҳамчунин ба содироткунандаи азими қувваи барқ дар минтақа, истеҳсолкунандаи неруи барқ аз дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия (офтоб, бод ва ғайра), истеҳсолкунанда ва содироткунандаи маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза (органикӣ) табдил ёфта, ба қатори давлатҳои камихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ (карбон) ва аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ рушдёфта ворид гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 28, 2023 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи табрикӣ ирсол намуданд
ДОРУ АЗ МЕВАИ ДӮЛОНА. Онро устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии бемории дилу рагҳо тайёр кардаанд
Мулоқоти гурӯҳҳои топографӣ ва кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Дар Душанбе дурнамои густариши ҳамкории тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шинос гардиданд
Доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҷаласаи навбатии комиссияи муштарак баргузор мегардад
ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон то 4 март хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад
«TASHKENT GRAND SLAM 2024». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо бо 1 медали тилло дар ҷойи сеюм қарор дорад
«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
«TASHKENT GRAND SLAM». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба даври финалӣ баромад