ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, сешанбе, 325-умин рӯзи соли 2023 аст
21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани ин фурӯшгоҳи автомобилӣ баррасӣ гардид.
***
21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» доир гардид.
***
21 ноябри соли 2017 дар Қасри миллат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 нафар сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Муғулистон, Ҷумҳурии Индонезия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Марокаш, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Кипр ва Давлати Исроил эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарони давлатҳои хеш тақдим намуданд.
***
21 ноябри соли 2019 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид.
***
21 ноябри соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъйини Русия, Куба, Мексика, Аргентина, Чад ва Гана эътимоднома қабул намуданд.
21 НОЯБР ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:
Рӯзи байналмилалии телевизион.
***
Рӯзи ҷаҳонии салом.
***
Дар Русия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.
***
Дар Камбоҷа – Фестивали об.