Тибқи раддабандии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) (IAAR-EUR)-2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба панҷгонаи беҳтарин шомил гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар «Рейтинги донишгоҳҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) (IAAR-EUR)-2023» (IAAR University Ranking (IAAR-EUR)-2023) ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуда, дар байни беҳтарин донишгоҳҳои минтақа мақоми 4-умро ишғол намуд. Ҳамчунин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи «Ситораи сифат»-и (IAAR EUR star Quality) ин агентӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин донишгоҳи Тоҷикистон аст, ки тибқи гузориши Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба панҷ донишгоҳи беҳтарин шомил шуда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҷомеаи илмию таълимии ҷаҳонӣ пайваста мутобиқ шуда, ҷиҳати наздик намудани нишондиҳандаҳои худ ба меъёрҳои байналмилалии донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад.
Хусусияти фарқкунандаи натиҷаҳои донишгоҳ дар ин раддабандӣ афзоиши шумораи нашрияҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҷаҳонии индексатсияшуда Q1-Q2 ва инчунин индексатсияи олимони донишгоҳи мо мебошад, ки аз пешрафти корҳои илмӣ шаҳодат медиҳад.
Агентии мазкур (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз давлатҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи ҷаҳонии таълими соҳаи тиббӣ (WFME) гирифтааст.
Фаъолияти «IAAR» ба стандартҳои кафолати сифати Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии «ESG» ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ «WFME» мувофиқат менамояд.
«IAAR» аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва махсусгардонида мегузаронад, ки дар сатҳи миллӣ (дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова) эътироф шудааст, инчунин дар Русия, Руминия, Узбекистон аккредитатсияи байналмилалӣ анҷом медиҳад ва дорои нишони сифати таҳсил дар дигар давлатҳо мебошад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






