Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» пайваст мегардад
ДУШАНБЕ, 26.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» пайваст мешавад. Пайвастани ҷумҳурӣ ба лоиҳаи мазкур метавонад муҳлати таҳвили маҳсулоти зудвайроншавандаро суръат бахшад ва хатари омилҳои ба сифати мол таъсиррасонро коҳиш диҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бояд гуфт, ки бо ёрии лоиҳаи «Агроэкспресс» аз Федератсияи Русия асосан гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сабзавоти тару тоза, меваю гиёҳ ва дигар маҳсулоти зудвайроншаванда бештар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон интиқол дода мешаванд. Муҳлати интиқоли мол 5-7 рўзро дар бар мегирад.
Тоҷикистон бо пайвастшавӣ ба ин лоиҳа метавонад дар интиқоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, ки талабгорони зиёд дорад, муваффақ гардад. Ин тарзи кор барои беталаф ва босифат то суроғаи даркорӣ расидани маҳсулоти деҳқонони тоҷик, ки асосан меваю сабзавотро ташкил медиҳад, кумак мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки 21 ноябри соли равон дар Қасри Кремли Москва дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия дар ҳузури сарони давлатҳо- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки яке аз он Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи нақлиёт ва Нақшаи амали ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар ин соҳа байни ду давлат барои солҳои 2023-2025 буд.
Тибқи Нақшаи амали ҳамкорӣ («Харитаи роҳ») дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025 имконияти пайвастшавии Тоҷикистон ба лоиҳаи «Агроэкспресс» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Ин хидматрасонии махсус ҷиҳати ташкили интиқоли босуръати контейнерҳо тавассути роҳи оҳан мебошад. Лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» ва Маркази содиротии Русия (РЭЦ) амалӣ мешавад. Он имкон медиҳад, ки борҳои маҷмааи агросаноатӣ ба Туркия, давлатҳои ИДМ ва Чин интиқол дода шаванд.
АКС: манбаъҳои боз








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






