Тоҷикистонро дар Гранд Слами Токио оид ба ҷудо 10 варзишгар муаррифӣ менамоянд

Ноябрь 30, 2023 11:29

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – Гранд Слами Токио-2023 дар ҳайати 10 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа 2-3 декабр бо иштироки 500 варзишгари беш аз 84 давлат баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 10 варзишгари шинохта байни мардҳо, аз ҷумла Муҳаммадсолеҳ Қувватов  бо Меҳрзод Суфиев дар вазни  то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ  бо  Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода  бо Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков бо Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён  дар вазни то 90кг  ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг муаррифӣ  менамоянд.

Фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2023 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд