«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиши тарғиботии либоси миллӣ баргузор шуд

Ноябрь 2, 2023 16:02

КӮЛОБ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши тарғиботиву ташвиқотии либоси миллӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар ҳамоиш ҳайати васеи омӯзгорзанон ва донишҷӯдухтарон иштирок намуда, байни дигар донишҷӯён варақаҳои маълумотӣ тақсим намуданд.

Ҳар миллат соҳиби таърих, забон, фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва муқаддасоти худ мебошад, ки дар арсаи байналмилалӣ бо ин нишонаҳо муаррифӣ мешавад. Дар радифи ин арзишҳо либоси миллӣ низ муарриф ва баёнгари фарҳанги миллии халқи тоҷик мебошад.

Бояд гуфт, ки ба арсаи чаҳонӣ баровардани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла либоси зебои миллӣ – атласу адрас ва чакан ҳамчун сарвати нодир ва бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик бо шарофати сиёсати хирадмандона ва табъу завқи баланд, оянданигарии поянда ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ноябрь 2, 2023 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад