ҶУДО. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади машқӣ-таълимии худро дар Сочи мегузаронад
ДУШАНБЕ, 16.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи гӯштини ҷудои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои Русия дар шаҳри Сочи барои дастаҳои мунтахаби ҷудои ҳар ду давлат ҷамъомади машқӣ-таълимӣ ташкил намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷамъомади машқӣ-таълимии дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 ноябр дар Маркази омодагии олимпии Сочи оғоз гардида, то 20 ноябр идома меёбад. Ин марҳалаи асосии омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ба мусобиқаи байналмилалии «Tokyo Grand Slam 2023» маҳсуб мешавад, ки аз 2 то 4 декабри соли равон баргузор мешавад.
Тибқи дархости пешакӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар охирин мусобиқаи «Сайри ҷаҳонии ҷудо-2023» – Гранд Слами Токио 11 нафар байни мардҳо намояндагӣ менамоянд.
Инҳо Меҳрзод Суфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ҳарду дар вазни то 60кг, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66кг, Абубакр Шеров ва Беҳрӯз Хоҷазода, ҳарду дар варзни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар вазни то 81кг, Комроншоҳ Устопириён ва Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90кг ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг мебошанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






