Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш иштирок доранд

Ноябрь 27, 2023 15:23

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 идома дорад, ки дар он 7 варзишгар аз Тоҷикистон иштирок доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи кураши Тоҷикистон

Паҳлавони тоҷик Ҳақназар Назаров (-90 кг) дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 дар Туркманистон аз паҳлавони қирғиз Жамалбек Асюлбек Уулу ноком шуда, мусобиқаро бе натиҷа ҷамъбаст намуд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати 14-уми ҷаҳон оид ба кураш -2023 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон аз 23 то 28 ноябр мегузарад.

Бори аввал дар таърихи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш 7 гӯштингири тоҷик иштирок доранд.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни духтарон) баргузор мегарданд. Дар мусобиқа 400 варзишгар аз 57 давлати ҷаҳон иштирок доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 27, 2023 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид