Вобаста ба нақши «Эъломияи Сиан» дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин ҳамоиш баргузор шуд

Ноябрь 14, 2023 17:39

ДУШАНБЕ, 14.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши илмии «Нақши «Эъломияи Сиан»  дар рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар заминаи муносибатҳои шарикии стратегӣ» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод хабар доданд.

Дар айни замон Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши амалинамоии нақшаҳои иқтисодии Тоҷикистон буда, саҳми Чин дар татбиқи рушди низоми истеҳсолоти дохилии Тоҷикистон бориз мебошад.

Аз сӯи дигар, асоси муносибатҳои иқтисодии ду давлатро маблағгузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои роҳсозӣ, саноати муштарак, бозори тиҷоратӣ ва монанди ин ташкил медиҳанд.

Ҳамоиш доираи зиёди олимону муҳаққиқони соҳаи иқтисодию сиёсӣ, донишҷӯёни бахши иқтисод ва муносибатҳои байналмилалиро фаро гирифт.

Дар ҳамоиш  вобаста ба масъалаи мавриди назар дар доираи мавзуъҳои «Рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар доираи шарикии стратегӣ», «Асосҳои бунёдии рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин дар асри 21», «Эъломияи Сиан»- василае дар рушди равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Чин», «Тоҷикистон ва Чин: давлатҳои манфиатдори стратегияи «Як камарбанд, як роҳ», «Густариши муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чин- василае дар рушду тавсияи иқтидори иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ»  маъруза намуданд.

Ҳамоиш дар сатҳи баланд доир шуда, муносибатҳои солими дипломатии Тоҷикистон ва Чинро бозгӯӣ намуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2023 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд