«World Travel Market». Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳӣ дар Лондон муаррифӣ гардид

Ноябрь 9, 2023 13:33

ДУШАНБЕ, 09.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи сайёҳии «World Travel Market» (Бозори ҷаҳонии сайёҳӣ), ки аз 6 то 8 ноябр дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор гардид, муаррифӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давоми се рӯз дар намоишгоҳ намояндагони ниҳодҳои сайёҳии давлатҳои ҷаҳон, ширкатҳои бонуфуз, фурудгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва  воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Иштирокчиён табодули таҷриба ва вохӯриҳо анҷом дода, шартномаҳо ба имзо расониданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори дуюм дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамояд, бо дастури Ҳукумати мамлакат ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ иқтидори сайёҳии давлатро дар сатҳи баланд муаррифӣ намуд.

Бори нахуст намоишгоҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозаи бузург дар чунин чорабиниҳо ташкил шуда, зарфияти мамлакат дар самти сайёҳӣ  бо ҷалби доираи васеи мутахассисони соҳа, ширкатҳо, соҳибкорон, роҳбаладон ва рӯзноманигорон муаррифӣ гардид.

Дар доираи намоишгоҳ ҳамчунин ролики таблиғотии омоданамудаи ширкати телевизионии «BBC World News» доир ба имконияти сайёҳии Тоҷикистон пахш гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо роҳбарони ҳайатҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносон, масъулони рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии дигар давлатҳо баргузор гардиданд.


Ҳамзамон намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳунармандони мамлакат бо  пешниҳоди лавҳаҳои таблиғотӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ, меваҳои шаҳдбор ва олами нодири набототу ҳайвонот ҷиҳати ҷалби сайёҳон ҳисса гузоштанд.

Инчунин вохӯрии масъулони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати ба омӯзиш фаро гирифтани донишҷӯёни мамлакат ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва ҷалби устодони варзида ба ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, баргузории намоишгоҳи навбатии сайёҳии «World Travel Market» ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар он ба рушди ин самти муҳим мусоидат намуда, ба ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат замина мегузорад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 9, 2023 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар Ҳафтаи фарҳангии «Ҷянсу – Осиёи Марказӣ 2026» муаррифӣ карда шуд
Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди беш аз 20 намуди сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Тоҷикистон барои ҷалб ва истифодаи маблағгузории иқлимӣ» ҷамъбаст гардид
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Барои рушди ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон чӣ бояд кард?
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони Фонди иқлими сабз оғоз гардид
Дар Тоҷикистон наздик ба 50 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил карда шуд
ҶОИЗАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ. Кумитаи рушди сайёҳӣ барои дарёфти он озмун эълон менамояд
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад