22 ДЕКАБР-РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Бо назардошти захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол менамояд

Декабрь 22, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 22.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ буда, ҷои аввалро захираҳои гидроэнергетикӣ бо иқтидори 527млрд кВт соат/сол ишғол менамоянд, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон. Бо назардошти захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи аввалро ишғол менамояд. Бояд тазаккур дод, ки рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат қарор дошта, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Арҷгузорӣ ба заҳматҳои коргарони соҳаи энергетика

22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо эълон гардидааст. Соҳаи мазкур дар рушди иқтисоди мамлакат нақши калидӣ дорад. Рӯзи энергетикҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гузаронида шуда, дар радифи идҳои дорои аҳамияти бузурги иҷтимоӣ қарор дорад. Иди касбии кормандони соҳаи энергетика дар мамлакат бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика ва арҷгузорӣ нисбат ба кормандони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла мутахассисони неругоҳу шабакаҳои барқӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, инчунин кормандон, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии энергетикии мамлакат мебошад.

Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги энергетикӣ аст

Дар Тоҷикистон бо назардошти мавҷуд будани 200 рӯзи офтобӣ дар як сол ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, азхудкунии захираҳои обиву офтобӣ тавассути неругоҳҳои хурду миёна амалӣ мешавад. Масъалаи азхудкунии дигар намудҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи шамол, биомасса ва энергияи геотермалӣ  дар ҳоли баррасӣ аст. Инчунин дар ҷумҳурӣ беш аз 900 дарёи хурду калон, ки аз онҳо соле то 82 млрд метри мукааб об ҷорӣ мешавад, мавҷуд буда, иқтидори бузурги энергетикӣ ба вуҷуд меоранд. Бунёди бузургтарин иншооти энергетикии Тоҷикистон-  НБО «Роғун», «Норак», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Сарбанд» ва «Бойғозӣ» далели ин гуфтаҳо аст.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим ба татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мусоидат менамоянд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳалли  мушкилоти ҷомеаи башарӣ дар амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди ҳазорсола тавассути масъалаҳои мубрами об дар сайёра, чандин ташаббусҳои наҷибро дар соҳаи обу экология, ҳифзи пиряхҳо ва энергияи «сабз» пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷонибдорӣ гардиданд.

Амалӣ гардидани иқдоми бундёкоронаи Пешвои миллат дар самти беҳтаргардонии ҳолати экологӣ бозгӯи ҷаҳду талошҳои беназири Президенти мамлакат дар соҳаи обу энергетика мебошад. Ба кор даровардани ду агрегати НБО-и  «Роғун», ба истифода дода шудани якчанд неругоҳҳои хурди барқи обӣ, амалишавии лоиҳаи байналмилаии хати интиқоли барқи «Осиёи Миёна-Осиёи Ҷанубӣ-1000» /«CASA-1000»/, тармиму таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаи барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум» ва ғайра аз ҳамин қабил аст.

Низоми энергетикӣ

Низоми электроэнергетикии Тоҷикистон ҳамчун низоми ягона фаъолият намуда, дар чор минтақаи ҷумҳурӣ- Суғд (Шимол), Хатлон (Ҷануб), шаҳри Душанбе бо ноҳияҳои наздики он ва ноҳияҳои тобеи марказ пайваст аст. Бахши электроэнергия аз ҷониби  ҶСК «Барқи Тоҷик» идора мешавад. Он неругоҳҳо ва шабакаҳо, истеҳсоли неруи барқ, интиқол ва тақсимоти онро дар ҷумҳурӣ идора менамояд.

95 % неруи барқ дар Тоҷикистон тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегарданд

95 фоизи неруи барқ дар ҷумҳурӣ  тавассути неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла 94 фоизи он дар неругоҳҳои бузург ва миёна истеҳсол мешавад. Неруи барқи дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсолшаванда хусусияти мавсимӣ дошта, аз сатҳу ҷараёни об дар дарёҳо вобаста аст.

Нишондиҳандаи пасттарини истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон, дар ҳоле, ки дар ин мавсим талабот ба неруи барқ бениҳоят баланд аст, ба амал меояд.

Дар мавсими тобистон, ки талабот ба  неруи барқ нисбатан камтар аст, неруи барқ барзиёд, то ба андозаи 3-7 млрд кВт соат истеҳсол мешавад.

Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ба неруи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира метавон минтақаро бо неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Декабрь 22, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Соли 2025 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
Дар Душанбе Конференсияи I байналмилалӣ оид ба масъалаҳои молия ва баҳисобгирӣ баргузор шуд
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити зеҳни сунъӣ дар Деҳлии Нав иштирок менамояд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми хариди моеи зиддисардӣ — антифриз аз фурӯшанда сертификати мутобиқат талаб намоед!»
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ соли 2025 ба беш аз 1,6 миллиард сомонӣ расид
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
Бахшида ба Рӯзи таъсиси мақомоти гумрук дар Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид