Ҳарифони паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба ҷудо муайян шуданд

Декабрь 1, 2023 17:40

ДУШАНБЕ, 01.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр  маросими қуръакашии мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 дар шаҳри Токио баргузор шуда, ҷудокорон рақибони хешро шинохтанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 506 варзишгар  (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 10 варзишгар байни мардон намояндагӣ менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки мусобиқаи Tokyo Grand Slam-2023 оид ба гӯштини  ҷудо  имрӯз, 2  декабр бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг байни мардон ва  -48кг, -52кг, -57кг байни духтарон оғоз мегардад. 3  декабр мардҳо дар вазнҳои -73кг, -81кг, духтарон дар вазнҳои -63кг, -70кг ва 4  декабр мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг, духтарон дар вазнҳои -78кг, +78кг байни ҳам   рақобат  менамоянд.

Дар рӯзи якум Ҷумҳурии Тоҷикистонро  Муҳаммадсолеҳ Қувватов  бо  Меҳрзод Суфиев, ҳарду дар вазни то 60 кг, Эмомалии Нуралӣ  ва Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66 кг муаррифӣ менамоянд. Дар рӯзи дуюм Беҳрӯз Хоҷазода  бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода,  ҳарду дар вазни  то 81 кг баромад менамоянд.

Дар рӯзи охир Комроншоҳи Устопириён  дар вазни  то 90 кг  ва Эмомризо Анварзода дар вазни то 100 кг  муаррифи Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошанд.

Рақиби ҷудокорони тоҷик дар Tokyo Grand Slam-2023 :

Вазни -60 кг:

Даври 1:  Меҳрзод Суфиев – Накамура Таики (Ҷопон)

Даври 1:  Муҳаммадсолеҳ Қувватов — Симоне Аверса (Италия)

Вазни -66 кг:

Даври 1 : Эмомалии Нуралӣ – Комрон Сулаймонов (Озарбойҷон)

Даври 1: Обид Ҷебов – Фабио Базил (Италия)

Вазни -73 кг:

Даври 1: Абубакр Шеров – Терада Масаюки (Тайланд)

Даври 1: Беҳрӯз Хоҷазода — Квантидзе Отари (Португалия)

Вазни -81 кг:

Даври 2: Сомон Маҳмадбеков – Кайто Амано (Ҷопон) / Суенгчан Ли (Кореяи Ҷанубӣ)

Даври 1: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода — Гербеков Аскербии (Баҳрайн)

Вазни – 90 кг:

Даври 2: Комроншоҳи Устопириён — Тселидис Теодорос (Юнон)

Вазни -100 кг:

Даври 1: Эмомризо Анварзода — Бузакарини Рафаэл (Бразилия)

Ёдовар  мешавем, ки  фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.                         

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Декабрь 1, 2023 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид