Ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҷҳизот ва лавозимоти муосир ворид гардид

Декабрь 9, 2023 19:00

ДУШАНБЕ, 09.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон маросими расмии супоридани  як қатор таҷҳизот ва лавозимоти муосир доир гардид. Ин иқдом дар  доираи лоиҳаи миллии TAD5006 – «Татбиқи усулҳои ядроӣ ва молекулярӣ, барои ташхис ва назорати бемориҳои фаромарзии ҳайвонот», ки  бо дастгирии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии Тоҷикистон   ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) татбиқ  мегардад, амалӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.

Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ин ташхис,   муайян намудани   микроорганизмҳои касаливор, ки дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд,  мебошад.

Инчунин  воридоти таҷҳизоти мазкур ба олимон ва мутахассисони соҳа имконият фароҳам меорад, ки мониторинги бемориҳои сироятӣ, бахусус зоонозҳо (бемориҳои шадиди сироятии одаму ҳайвонот) ва зери назорат гирифтани вазъи эпизоотӣ дар байни ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ осон гардида, дар ин замина ҷиҳати  амалишавии барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсири мусбат расонад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо мақсади беҳтар намудани раванди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истифодаи таҷҳизоти воридгардида, якқатор олимони институт дар давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Австрия,  Македонияи Шимолӣ  ва Туркия аз  таҷрибаомӯзии      илмӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.

Ҳамчунин  дар доираи  лоиҳаи  мазкур дар институт панели офтобӣ насб карда шуд, ки барои устувор нигоҳ дошатни фаъолияти таҷҳизоти озмоишгоҳӣ   ва  амалисозии ташхисҳои молекулярӣ ҷиҳати муайян намудани  барангезандагони бемориҳои махсусан хавфноки чорвою паранда ва зоонозҳо, шароит фароҳам меорад.

Айни замон  ба Институти тибби ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҷҳизоти дигари соҳа низ, ки барои ташхисҳои серологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ, ҷиҳати  ҷудосозии вирусҳо, бактерияҳо ва муайян намудани намуди онҳо муҳим аст, ворид гардидааст ва насби онҳо дар рӯзҳои  наздик аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ банақша гирифта шудааст.

Чунин ҳамкории доимӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ ба иқтидори техникӣ ва зеҳнии пажӯҳишгоҳи илмӣ таъсири мусбат мерасонад ва дар ин замина Институти тибби ветеринарӣ нақша дорад тавассути лоиҳаҳои техникӣ ҳамкориҳоро бо дастгирии   Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии Тоҷикистон   ва Агентии Байналмилалии Нерӯи Атомӣ барои тақвият бахшидани роҳҳои муосири ташхис ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз он ҷумла зоонозҳо, ки хавфи калони сироятёбиро дар байни ҳайвонот ва одамон ба вуҷуд меоранд, тадибрҳои муҳим андешанд  ва барои баланд бардоштани савияи касбии олимони соҳа ҳамкориро  идома диҳанд.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Декабрь 9, 2023 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ