Бахшида ба 12-солагии таъсиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид

Декабрь 12, 2023 16:56

ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Давоми се соли охир дар фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда шуда, маҳорату дониш ва касбияти кормандон  тағйир ёфт  ва рӯ ба аудити мустақили берунаи мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи замони муосир оварда шуд. Ҳамин тариқ, аз марҳилаи такмили заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ то ба қисман рақамикунонии раванди аудити мустақил ба таври таҷрибавӣ ноил гардида, минбаъд нақшаи гузаронидани аудити фосилавӣ амалӣ мешавад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласа бахшида ба Рӯзи таъсисёбиии Палатаи ҳисоб баён дошт.

Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки «самаранокии фаъолияти мақомоти олии аудити ҷумҳурӣ торафт бештар мешавад. Ин, албатта, ба торафт баланд шудани малака, тахассус ва салоҳияти кормандон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии фаъолияти доманадор стандартҳои миллии аудитро бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи стандартҳои байналмилалии мақоми олии аудит таҳия ва ҷорӣ намуда, ҳамчунин тартиби банақшагирӣ ва омода намудани ҳисобот аз натиҷаи аудитро амалӣ менамояд.

Моҳи июни соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он фаъолияти мақомотро ба танзим медарорад».

Гуфта шуд, ки Палатаи ҳисоб сол то сол робитаҳои байналмилалиро густариш дода, барои устувор намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони байналмилалии мақоми олии аудит (INTOSAI), Ташкилоти осиёии мақомоти олии аудит (ASOSAI) ва ғайра саъй менамояд. Бо ин мақсад бо ҳамтоён аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Молдова, Эрон, Чин, Беларус, Покистон, Латвия, Афғонистон, Ҳиндустон ва Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Палатаи ҳисоб ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил амалӣ намуда, солҳои 2020-2023 раёсати Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дошт. Соли 2025 баргузории ҷаласаи Шурои роҳбарони Мақомоти олии аудити Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар назар аст.

Ҳамкории мунтазами мутақобила бо ташкилоти гуфташуда ва мақомоти олии аудити дигар мамлакатҳо ба беҳтар гардидани самаранокии фаъолияти Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 12, 2023 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид