Бахтиёр Маҳмадалӣ: «Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баён гардид, ки то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар мамлакат то ду маротиба кам мешавад»

Декабрь 28, 2023 17:04

 ДУШАНБЕ, 28.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 декабр дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиш, ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои канданиҳои фоиданок дар назди масъулини соҳаи геологияи мамлакат мақсаду вазифаҳои нав гузошта шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомадаи муҳандисию геологӣ ва бо нишон додани минтақаҳое, ки зери  таъсири омилҳои хатарноки табиӣ қарор доранд, Харитаи (атласи) равандҳои экзогению геологии ҷумҳуриро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

«Мақсади таҳияи атласи ҷуғрофиро Сарвари давлат барои истеҳсоли энергияи «сабз», рушди иқтисоди «сабз» ва паст намудани партови газҳои гулхонаӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҳамчунин зарур шумориданд, ки  дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои иловагӣ амалӣ шаванд.  Инчунин таъкид гардид, ки то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ дар мамлакат то ду маротиба кам мешавад», — иброз дошт ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самти рушди геология изҳор доштанд, ки бояд бо маблағгузории мақсаднок ба ин соҳа ва ҷалби  мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва тараққиёфта мутахассисони маҳаллӣ омода шаванд.

«Пеш аз ҳама, ин ба  иктишоф ва таҳқиқи иқтидори канданиҳои фоиданок, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, равона шудааст, то солҳои наздик ба ҳадафи чоруми  стратегӣ- саноатикунонии мамлакат ноил гардем», —   гуфт Бахтиёр Маҳмадалӣ.

АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2023 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд